баргард чоп кардан

Суғд: Корманди «Амонатбонк» мавриди ғорат қарор гирифт

Дар ин бора ба Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ба гуфти манбаъ, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, шаҳрванд Отамуродов Набиҷон, соли таваллудаш 1984, сокини н.Ҷ.Расулов, деҳаи Қазноқ, ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Номбурда рӯзи 9-уми декабр, тахминан соати 12:30-дақиқа дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд бо роҳи зӯроварӣ аз шаҳрванд Файзиева Матлуба, корманди  «Амонатбонк» ҳамёнашро, ки дар дохилаш 44000 рубли русӣ, 300 доллари амрикоӣ ва 147 сомонӣ маблағи пулӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.