баргард чоп кардан

Ҳушдори Бонки миллӣ ба соҳибони банкоматҳо

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат зимни як нишаст вазъи феълии фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ, бо пули нақд таъмин кардани онҳо, проблемаҳои дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ мавҷудбуда ва паҳлуҳои дигари масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз бонки мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин ҳамоиш роҳбарону мутахассисони бонкҳои Тоҷикистон фикру андешаҳои мушаххаси худро дар мавриди ҳаллу фасли камбудиҳои мавҷуда дар кори банкоматҳо, таъмини пурра ва саривақтии онҳо бо пули нақд, ислоҳи камбудиҳои техникӣ, ки ба фаъолияти муназзами банкоматҳо монеаҳо эҷод месозанд, баён намуданд.

Намояндагони Бонки миллӣ мегӯянд, банкоматҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд, то соҳибони картаҳои пардохтӣ тавонанд дар лаҳзаҳои зарурӣ аз хизматрасонии онҳо истифода баранд.Бояд зикр намуд, ҳар гуна шикоятҳо дар мавриди фаъолияти хизматрасонии банкоматҳо аз ҷониби муштариён борҳо садо додааст.