баргард чоп кардан

Муҳоҷирони тоҷик имкони тамдиди иҷозатноми корро доранд

Дар Маскав мулоқоти Асрор Одинаев, раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо Анатолий Кузнетсов, муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати ФР баргузор шуд.

Дар ин бора ба Озодагон, Саид Боев, масъули Хадамоти муҳоҷирати кишвар дар Маскав иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, аснои нишаст масоили буду боши қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия, аз ҷониби мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дастраси муҳоҷирон намудани санадҳои иҷозатдиҳанда ва масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд: «Асрор Одинаев ба ҳамтои русиягии худ дар бораи фаъолияти намояндагӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик ва ҳамкорӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва ғайра иброз дошт».

Ҳамзамон, Анатолий Кузнетсов қайд кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки иҷозатномаи қонуниро барои фаъолияти меҳнатӣ ба даст овардаанд, мутобиқи қонунгузории Русия метавонанд мӯҳлати иқомати худро дар ҳудуди Русия ба муддати то 1 сол тамдид кунанд.