баргард чоп кардан

Дуздии беш аз 5000 доллари ИМА аз Toyota Camry

Дар пайи амалиёти кормандони Вазорати корҳои дохила дар ноҳияи Синои пойтахт ду ҷавон ҳамчун гумонбар бо ҷурми ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин ҷавонон Аслиддин Буриеви 19 сола, сокини кӯчаи Миралии шаҳри Душанбе ва Искандарзода Парвизҷони 22 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, донишҷӯи бахши 3-юми факултаи химияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошанд.

Манбаъ илова намуд, ки номбаршудагон шаби 23-юми октябри соли равон бо шикастани оинаи автомашинаи тамғаи Toyota Camry, ки дар кӯчаи Р.Набиев назди бинои 292 беназорат меистод ва ба шаҳрванд Нодир Исматов тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 5000 доллари амрикоӣ, 2 адад телефони мобилии тамғаи «Нокия» ва 2 адад шиносномаи хориҷӣ ва миллӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 5300-долларро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.