баргард чоп кардан

Душанбе: Вазирони маорифи ИДМ 20 масъалаи муҳимро ба баррасӣ мегиранд

Дар Душанбе ҷаласаи 24-уми шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва конфронси 18-уми вазирони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид.

Дар ин нишаст, ки рӯзҳои 18 ва 19-уми июн сурат мепазирад, 20 масъала, аз ҷумла, лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи маориф, лоиҳаи қарордод оид ба ҳуқуқҳои баробари шаҳрвандони давлатҳои ИДМ ҷиҳати қабул ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои аъзои ИДМ, қарордод оид ба такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ мегардад.

Ҳамчунин,  ҷараёни таҳияи Барномаи такмили ихтисоси кормандони ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, оид ба омода намудани лоиҳаи қарордоди ҳамкорӣ дар масъалаи касбомӯзӣ ва бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ мувофиқи талаботи бозори меҳнат, ташкили олимпиадаи мактаббачагони давлатҳои аъзои ИДМ аз фанҳои математика, биология ва физика низ аз мавзӯҳои баррасишаванда маҳсуб мегарданд. Ҷараёни омодагӣ ба анҷумани II –и омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ, фаъолияти ташкилотҳои базавии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи маориф, оид ба кори комиссия дар мавриди фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва филиалҳои онҳо дар давлатҳои аъзои ИДМ дар доираи иҷрои қарорҳои Шӯро ва Конфренсияи вазирон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ҳам мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Мавриди зикр аст, ки 20-уми июн вазирони маорифи давлатҳои аъзои ИДМ аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда ва мулоқоту вохӯриҳояшон барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир менамоянд.{jathumbnail off}