баргард чоп кардан

Душанбе ва Истамбул барои ташкили намоишгоҳ омодагӣ мебинанд

Илҳом Абдураҳмонов, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия бо Мурат Ялчинташ, раиси Палатаи савдои ин шаҳр мулоқот намуд.

Давлаталӣ Назриев, сардори департаменти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки ширкату корхонаҳои узви ин палата дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистонро матраҳ намуданд.

Раиси Палатаи савдои шаҳри Истамбул изҳори омодагӣ кард, ки бо ҳайати соҳибкорони Туркия ба Тоҷикистон сафар намуда, дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти ширкату корхонаҳои узви палатаро баргузор менамоянд.