баргард чоп кардан

Намояндаи «Созандагони Ватан» бо даъвати «РИА Новости» ба Маскав рафт

Насим Маликисломов, роҳбари намояндагии ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар вилояти СуғдТҶҶ дар ҳамойиши байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҳамоҳангии иттилоотии интегратсионии АвруОсиё» ширкат хоҳад кард.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, нишасти мазкур имрӯз, 14-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад. Ин нишаст бо ташаббуси Маркази иттилоотии байналмилалии мултимедии «РИА Новости», Фонди рушди ҳамкориҳои АвруОсиё ва «Лигаи иттилоотии АвруОсиё» доир мегардад, ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» низ аз муассисони «Лигаи иттилоотии АвруОсиё» маҳсуб меёбад.