баргард чоп кардан

Виктор Себеров: Табиати Тоҷикистонро дӯст медорам

Имрӯз,14-уми декабр дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт намоишгоҳи аксҳои Виктор Себеров, роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин намоишогоҳ ҳудуди 60 дона аксҳое, ки Виктор Себеров аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон бардоштааст, ба маърази тамошо гузошта шуд. Аксҳои гирифтаи ӯ ҳар кадом маънии хоси худро доранд, ки баёнгари табиати нотакрори Тоҷикистон, куҳсору дарёҳо, куҳҳои манотиқи гуногуни кишвар, лаҳзаҳои ҷолиб аз кори фаъолияти занони деҳот ва ғайра мебошанд.

Тамошобинон и намоишгоҳ зимни суҳбат ба Озодагон ба аксҳои Виктор Себеров баҳои баланд доданд. Фирдавс Каримов, як сокини пойтахт гуфт, ҳангоми тамошои аксҳо фикр кардам онҳоро аккоси касбие гирифтааст. Виктор Себеров иброз дошт, ӯ аккоси касбӣ набуда, балки ба суратгирӣ аз овони тифлияш шавқу рағбат дорад.

Номбурда мегӯяд, Тоҷикистон ва табиати онро хеле дӯст доштааст ва аксбардорӣ аз гӯшаҳои ин кишвар барояш хеле ҷолибанд.