баргард чоп кардан

Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд $ ё худ 33% нисбат ба ММД мебошад

Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иброз доштааст.

Ба навиштаи «Азия плюс» ва бо такя ба суханони ҷаноби Наҷмиддинов, тамоми қарзҳои хориҷии кишвар ба Стратегияи идоракунии қарзи хориҷии ҳукумат мутобиқат мекунанд. -Имрӯз дар пардохти қарзи хориҷӣ мо ҳеҷ мушкилие надорем. Агар дар хотир дошта бошед, соли 2000 қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД 130%-ро ташкил медод. Имрӯз тамоми ҷадвалу тарҳҳои бо қарздиҳандагон мувофиқашуда риоя мешаванд,-илова кардааст Наҷмиддинов.

Ба иттилои вазир, дар буҷети соли 2013 барои пардохти қарзи хориҷӣ 630 млн. сомонӣ (132,2 млн. $) маблағ пешбинӣ шудааст.

Бино ба ахбори расмӣ, тайи соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 124 млн. $ ва ахири соли 2010 – 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон то ҳанӯз Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарз 862 млн. $ ба ин кишвар рост меояд.