баргард чоп кардан

Муҳоҷирони тоҷик дар сохтмон ҷароҳат бардоштаанд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ширкати сохтмонӣ дар Маскав кор мекарданд, аз ошёнаи панҷуми бинои навсохт афтидаанд.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ки инҳо- Мирзошо ва Муҳаммад Сафоловҳо (бародарон) мебошанд. Гуфта мешавад, муҳоҷирони кории тоҷик бо сабаби риоя накардани қавоиди бехтарии техникӣ аз табақаи панҷум ба поён сарозер шудаанд. Дар пайи ин ҳодиса ҳар ду ба наздиктарин беморхонаи Маскав барои табобат интиқол ёфтанд.

Манбаъ афзуд, бо хоҳиши пайвандон Муҳаммад Сафолов барои идомаи муолиҷаи зарурӣ ба Тоҷикистон парвоз хоҳад кард ва дар баргаштани ӯ ба Ватан Сафорати Тоҷикистону КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон" мусоидат менамоянд.