баргард чоп кардан

Эътирози волидайни маҳбусин дар назди бинои Прокуратураи генералӣ

Гурӯҳе аз падару модарони зиндониёни маҳбасахонаи № 23-и шаҳри Хуҷанд, ки чанде қабл фарзандони онҳоро аз маҳбасахонаи № 1-и шаҳри Душанбе ба он ҷо интиқол дода буданд, дар назди бинои Додситонии кулл ҷамъ омаданд.


Хабарнигори Озодагон, ки алъон дар мақарри ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, айни замон Шерхон Салимзодаи Одина, прокурори генералии кишвар бархе аз намояндагони эътирозгарро ба ҳузур пазируфта, арзу шикояти онҳоро мешунавад.

Гуфта мешавад, гирдиҳамоӣ ва эътирози гурӯҳе аз падару модарони маҳбусон дар назди Прокуратураи генералӣ, шиканҷа болои фарзандони онҳо дар маҳбасхонаи рақами 21-и шаҳри Хуҷанд мебошад.

-Чанд лаҳза қабл як маҳбус ба падараш занг зад ва мо ҳам бо ӯ сӯҳбат кардем. Аз гуфтаҳои ин зиндонӣ маълум мешавад, ки онҳоро дар маҳбас шиканҷа дода, таҳдид мекунанд, ки дар бораи сабабҳои марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ надиҳанд,-афзуд хабарнигори Озодагон.