баргард чоп кардан

Мусодираи 11 ҳазор маводи пиротехникӣ дар шимоли Тоҷикистон

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ноболиғи 17-сола ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар ба Озодагон хабар доданд, Насимҷон Наруллоев, сокини кӯчаи Ҳ.Шерозӣ мебошад, ки ҳангоми кофтуков кормандони милитсия аз ӯ 1040 дона маводи пиротехникӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира кардаанд.

Ҳамчунин дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Далерҷон Раҳматуллоеви 16-сола, сокини кучаи Камол Хуҷандӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ 10 ҳазор дона маводи пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.