Бино ба қавли Зайнура Шарипова, сардори ниҳоди мазкур дар вилоят, аз шумори умумии шаҳрвандони сафари кишвари хориҷиро ихтиёркарда 179 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 34 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Теъдоди умумии онҳо бошад, 213 ҳазору 110 нафарро дар бар мегирад. Бону Шарипова афзуд: “Дар ҳоле, ки сокинон барои дарёфти кор қаламрави вилоятро тарк мекунанд, шаҳрвандони кишварҳои дигар барои кор ба вилояти Суғд меоянд”
-Аз оғози соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 669 нафар шаҳрвандони хориҷӣ соҳиби ҷойи корӣ шуданд, ки миёни онҳо 557 нафар шаҳрвандони Чин, 31 нафар шаҳрвандони Ӯзбакистон, 10 нафар шаҳрвандони Молдова, 10 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 7 шаҳрванди Эрон, 9 шаҳрванди Қазоқистон, 4 шаҳрванди Украина, 3 нафарӣ шаҳрвандони Русияву ИМА ва Афғонистон, 2 нафарӣ шаҳрвандони Ҳиндустону Озарбойҷон ва Кореяву Туркия ва 1 нафарӣ шаҳрвандони Австралияву Покистон ва Сурияву Туркманистон ҳастанд, - афзуд номбурда.