баргард чоп кардан

Иосиф Кобзон ва Пӯлод Булбул-оғлӣ ба табрики Ҷӯрабек Муродов омаданд

Ҳунарпешаи мардумии СССР (ИҶШС) Ҷӯрабек Муродов рӯзи 24-уми декабр ба сини мубораки 70 қадам мениҳад.


Бино ба иттилоъи расида, айни замон аз Маскав Иосиф Кобзон, Ҳунарпешаи халқии СССР, Юрий Антонов, сароянда ва оҳангсози маъруф, Александр Серов, Артисти мардумии Русия,а ҳамчунин сароянда ва оҳангсози саршиноси озарбойҷонӣ Пӯлод Бюл-Бюл оғлӣ ба табрики ҳунарманди маъруфи тоҷик ба Душанбе омаданд.

Ҷӯрабек Муродов 24 декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнии вилояти Суғд (Ленинободи собиқ) таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактбаи миёна ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод шомил шуда, соли 1962 соҳиби дипломи олӣ гардидааст. Соли 1963 фаъолияти эҷодиашро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, дар жанри классикӣ суруду оҳанг эҷод менамояд. Соли 1979 ба гирифтани унвони баланд-Ҳунарпешаи мардумии СССР шарфёб гардида, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд роҳбарии ансамбли шашмақомхонони вилояти Суғдро ба ӯҳда дорад.