Масоили марбут ба обу энергетика ва ирригатсияи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси гурӯҳи иттилоотии махсус роҷеъ ба “Сиёсати об”-и Ассамблеяи миллии Фаронса ҷаноби Лионнел Люка баргузор гардид. Дар ин нишаст, инчунин вакилони Ассамблеяи миллии Фаронса ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ҳузур доштанд. Гуфта мешавад, аснои мулоқоти мазкур, доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардида, масоили марбут ба истифодаи захираҳои обӣ ва ирригатсия, иштироки Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии об, ҳамкории минтақавӣ, масъалаҳои обу энергетика ва соири масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи муштарак низ матраҳ шуданд.
Оид ба масъалаи истифодаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ қайд кард, ки ин гуна захираҳои табиӣ дар минтақа кофӣ мебошанд ва тартиб намудани муносибати ягона ҷиҳати истифодаи оқилонаи он бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа лозим меояд. Номбурда афзуд, Тоҷикистон ба гузаронидани муколама дар ин самт тайёр мебошад ва мавқеи истифодаи муштараки захираҳои обиро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ менамояд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷониби фаронсавӣ масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсояро матраҳ намуд ва аз вазири корҳои хориҷӣ хоҳиш намуд, ки нуқтаи назари худро доир ба масъала изҳор намояд. Ҳамрохон Зарифӣ ба мусоҳибони худ оид ба муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои зикргардида ва самтҳои ҳамкорӣ бо онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.