баргард чоп кардан

Мусобиқа ба хотири қаҳрамон. Дар Суғд

Рӯзҳои 23- 26-уми декабри соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс миёни варзишгарони солҳои таваллуди 1995-1996 ба хотираи қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзхиш ва сайёҳии кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби бокс байни наврасон доир карда мешавад. Дар мусобиқа ширкати дастаҳои ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар назар аст.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медалу дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида мешаванд.