баргард чоп кардан

Боздошти хонандагони синфи 9 дар Душанбе ва Хуҷанд

Дар ноҳияи Синои пойтахт ду ноболиғи 15-сола ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ аз ҷониби кормандони милитсия датсгир гардиданд.

Тавре аз Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ ба Озодагон хабар доданд, ҳангоми кофтуков аз ноболиғон Сиёвуш Саидов ва Парвизи Хуршед, хонандагони синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №82 ба миқдори 5 ҳазору 400 дона маводи пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони ШКД дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ноболиғ Олимҷон Ахмедови 15-сола хонандаи синфи 9-уми гимназияи №6 ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ датсгир карда шуд. Ба қавли манбаъ, ҳангоми кофтуков аз ӯ ба миқдори 4800 дона маводи пиротехникии «трения» дарёфт ва мусодира гардид.

Ин ҳодисаҳо аз ҷониби кормандони милитсия мавриди санҷиш қарор доранд.