Тибқи иттилоъи манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Аваз Соҳибназарови 45-сола(сокини ноҳияи Ашт), ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Дӯстӣ-Булоқ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Пулотҷон Шералиев бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Ҳилола Соҳибназароваи 44-сола, духтараш Соҳибназарова Зарринаи 22-сола ва Гулмира Рӯзибоеваи 20-сола, омӯзгори мактаби миёнаи №6-и ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.