Толиба аз Тоҷикистон-барандаи озмуни байналмилалӣ дар Русия
Чанде қабл дар пойтахти ФР, шаҳри Маскав маросими ҷамъбасти озмуни байналмиллалии «Этносфера» баргузор шуд.
Тавре хабарнигори масковии Озодагон иттилоъ дод, ин чорабинии илми хонандагони макотиби миёнаи кишварҳои узви ИДМ барои дуввумин бор сурат пазируфта, дар сабқати имсола ҳам намояндаи Тоҷикистон ширкат дошт: «Хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 56 (ноҳияи Сино)-и шаҳри Душанбе Нилуфар Аҳмадзода дар озмуни «Муколама ба забони русӣ» иштирок намуда, дар байни хонандагони беш аз 11 кишвари дигар сазовори дипломи озмун гардид.
Маврид ба ёдоварист, озмун мазкурро Маркази таҳсилоти ҷаҳонии назди ҳукумати шаҳри Маскав аз соли 2011 ба ин сӯ доир месозад.