баргард чоп кардан

Кумитаи андози Тоҷикистон даст ба ислоҳот мезанад

Дар кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини гурӯҳи машваратӣ  баргузор гардид.



Дар ин ҷаласа намояндагони  роҳбарияти Кумитаи андоз, асотсиатсияҳои дастгирии соҳибкорӣ, умури бонкӣ, соҳаи нақлиёт, провайдерҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ оид ба масъалаи «Такмили қонунгузории андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок доштанд.  Дар ҷараёни чорабинӣ Низомнома ва нақшаи кории гурӯҳи  машваратӣ  барои соли 2011 тасдиқ карда шуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, зимнан  иштирокчиён ҷиҳати ислоҳоти қонунгузории андоз фикру мулоҳизаҳои  хешро баён  доштанд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки гурӯҳи машваратӣ барои ислоҳоти қонунгузории андоз пешниҳодҳои асоснок омода намуда, на дертар аз 1 маротиба дар 2 моҳ барои муҳокима пешниҳод намояд. Дар  ин вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи машваратӣ, муовин, котиби гурӯҳ ва аъзоёни он  муайян гардиданд. Ҷараёни муҳокимарониҳо, ки дар рафти ҷаласаи имрӯзаи гурӯҳи корӣ сурат гирифт, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аъзои он омодаанд барои такмил ва соддагардонии қонунгузории андоз пешниҳодҳои асоснок таҳия намоянд ва ба ҳамин тариқ саҳми назарраси худро гузоранд.

{jathumbnail off}