Теъдоди гирандагони стипендияи президентӣ ба 300 нафар расид
Дар ин бора ба Озодагон аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.
Манбаъ мегӯяд, агар дар соли 2005 ҳамагӣ 100 нафар хонанда аз стипендияи президентӣ бархурдор буд, имрӯз 300 нафар аз он баҳравар аст: “Хонандагоне, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд сазовори стипендияи президентӣ мегарданд”.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки ду рӯз қабл мутобиқи квотаи муайяншуда диплом ва маблағҳои 30 нафар барандагони стипендияи президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои шаҳри Душанбе дар толори мактаби таҳсилоти умумии №56-и ноҳияи Синои пойтахт аз ҷониби раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорида шуд:“Маблағи стипендияи президентӣ 315 сомониро ташкил медиҳад. Он бо мақсади фаъолгардонии насли ҷавон аз ҷониби собиқ Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо фармони президент аз 26-уми феврали соли 1998 таҳти рақами 949 дар бораи таъсис додани стипендияи президентӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шудааст”