баргард чоп кардан

Боздошти афсари КДАМ

Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд Ихтиёр Некқадамови 30 сола, афсари калони тайёрии ҷангии қисми ҳарбии №2199 СКС-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани  нашъа дастгир карда шуд.

Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, Ихтиёр Некқадамов, сокини шаҳри Норак мебошад. Зимни кофтуков аз ӯ ба миқдори 22 килою 738 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.  

Манбаъ афзӯд, ҳамчунин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Конибодом шаҳрванд Раҳим Қурбонови 50 сола, сокини кӯчаи Аттории шаҳри Конибодом, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд: «Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш тамғаи «Ауди» аз дохили бордонаш 5 адад бастаи селофанӣ ва 1 адад халтаи селофанӣ, ки дар дохилашон 3 килою 701 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 858 грамм «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира гардид».

Гуфта мешавад, ки Раҳим Қурбонов  пеш бо моддаи 347-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озоди маҳрум гашта буд.  
Феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.