БМ: Таварум дар соли равон 9 фоиз пешбинӣ шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2013 сатҳи таваррумро дар кишвар дар доираи 9,0 фоиз арзёбӣ кард.
Тавре аз ин ниҳоди молиявӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ин омор бо дарназардошти вазъи номӯътадили фаъолияти бозорҳои молиявӣ, ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бӯҳрони молиявии навбатӣ дар як қатор кишварҳои Аврупо ва таъсири омилҳои хусусияти мавсимӣ ва маъмурӣ дошта пешбинӣ гардидааст.
Манбаъ афзуд, нишондиҳандаҳои даврие, ки барои расидан ба мақсади асосӣ дар раванди мазкур мусоидат менамоянд, ин ҳаҷми пулҳои захиравӣ, захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои софи дохилӣ ва дороиҳои умумии хориҷӣ мебошанд, ки танҳо дар натиҷаи истифодаи бомаврид ва саривақтии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ онҳоро метавон дар доираи барномаи пулию қарзӣ иҷро намуд.
Сарчашмаи хабар илова кард, ки мақсади асосӣ аз ин тасмим, танзими сиёсати пулию қарзии Бонки милли Тоҷикистон дар соли 2013 ба нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, таъмини фаъолияти сол ва устувор низоми бонкии кишвар мебошад.