баргард чоп кардан

Суғд: Ҳалокати як сокини 83-сола бар асари садамаи нақлиётӣ

Дар ин бора ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи иттилоъи манбаъ,ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Наимҷон Шерматови 25-сола (сокини ҷамоати деҳоти Нови ноҳияи Спитамен), ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ленин, дар рӯ ба рӯи мағозаи тиҷоратии «Ал-Муҳаммад» бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагард Роҳбар Орифҷоноваи 83-соларо пахш кардааст.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.