баргард чоп кардан

Баъди бозии футболи Кӯлоб 300 нафарро ба ҳавлии ман оварданд

Карим Гулмадов, як сокини шаҳри Кӯлоб иддао дорад, ки рӯзи 14-уми июн дар нисбаташ мақомот бадрафторӣ кардаанд.


«Кормандони ОМОН ҳангоми бетартибиҳои  баъди бозии футболи шаҳри Кулоб тақрибан 300 нафар мухлисро ба ҳавлии истиқоматии ман дароварданд ва баъдан як норинҷаки газиро тарконданд, ки дар натиҷа аз пои ростам чанд захм бардошта, аз по афтидам ва гузашта аз ин хонаам низ хароб гардид», мегӯяд Карим Гулмадов, сокини кӯчаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб. Зимни сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» номбурда афзуд, ки хонаи ӯ наздики роҳи мошингард, тақрибан дар фосилаи 500 метр ба варзишгоҳ мебошад, ки аснои таркиши норинҷаки омончиён фарзандон ва бародараш низ дар ҳавлӣ будаанд ва то ҳол аз садои баланд метарсанд.

Ба қавли Гулмадов, баъди аз по афтидан кормандони милиса ӯро ба мошинашон ба беморхона мебаранд. Гулмадов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки то ҳол касе аз масъулин ба воқеаъи ба сари ӯ омада таваҷҷӯҳ накардаанд. Ӯ мегӯяд, акнун кӣ ҷуброни зарари ҷисмонию иқтисодии ба сари ӯ омадаро мепардохта бошад?   Гулмадов афзуд, бигузор кормандони мақомоти интизомӣ, ки ба ӯ зарар расонидаанду хонааш хароб гардидааст, баробари ҷавонони мухлиси футбол ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Маврид ба тазаккур аст, ки аз ҳодисаи рухдода модари Карим Гулмадов низ тарсида, ҳоло вазъи саломатиаш нохуб аст.

Ёдрас менамоем, пас аз бозии футбол дар рӯзи 14-уми июни соли равон, ки миёни тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе сурат гирифт, дар шаҳри Кӯлоб бетартибӣ сар зада, бойиси бархӯрди мухлисон ва мақомоти интизомӣ гардид. Тафтишоти қазияи мазкур алъон идома дорад.{jathumbnail off}