баргард чоп кардан

Грез Қосимов: 80 хизматчии давлатӣ нафақахӯр аст

Дар Тоҷикистон 18 ҳазору 364 хизматчии давлатӣ фаъолият мекунанд, ки музди миёнаи маоши онҳо 802 сомониро ташкил медиҳад.

Ин нуктаро Грез Қосимов, сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотии раёсати мазкур, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.

Номбурда қайд кард, ки маоши миёнаи хизматчиёни давлатӣ дар соли 2011-ум 661 сомонӣ буд, ки ин нишондод сол то сол афзоиш ёфта истодааст.

Ба қавли сардори Раёсати хизмати давлатӣ аз 18 ҳазору 364 хизматчии давлатӣ ҳудуди 70-80 нафарашон онҳое ҳастанд, ки синашон ба нафақа расидааст.

Гуфта мешавад, сини ба нафақа баромадани хизматчиёни давлатӣ занҳо 58 ва мардҳо 63 соларо дарбар мегирад.

Грез Қосимов таъкид намуд, ки онҳое, ки ба нафақа баромадаанду имрӯз ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият доранд тибқи дастури ахири роҳбарияти дастгоҳи иҷроияи президент аз вазифа озод хоҳанд шуд: «Вале агар кор ҳам кунанд ҳеҷ ҷои қонуншиканӣ дида намешавад, зеро ин дастур ба хотири ҷалби мутахассисони ҷавон ба вазифаҳои хизматчии давлатӣ аст».

Дар ин нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар соли гузашта бо иштироки 1748 нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1333 довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматчии давлатӣ тавсия гирифтанд.