баргард чоп кардан

Биринҷи арзон. На дар Душанбе

Ширкати  «Агро-Информ»-и Тоҷикистон мегӯяд, тоҷирони бозори  «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе дар қиёс ба бозори «Бӯка»-и Ӯзбакистон, ҳамсарҳад бо Мастчо    биринҷро  беш аз  2 маротиба гарон мефурӯшанд.

Тавре аз ин ташкилот ба Озодагон иттилоъ доданд, ба ҳисоби миёна нархи як кило биринҷ дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт 10 сомонӣ аст, ки ин нишондод дар бозори  «Бӯка» 3 сомонию 57 дирамро  ташкил медиҳад.

Ба қавли намояндагони “Агро-Информ” аз ҳама нархи гарони биринҷ пас аз бозорҳои Душанбе дар бозори марказии шаҳри Хоруғ  мушоҳида мешавад: «Он ҷо як кило биринҷ ба нархи 8 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бозори марказии шаҳри  Қӯрғонтеппа бошад, як кило биринҷ 7 сомонӣ арзиш дорад. Дар бозорҳои марказии шаҳри Истаравшану Хуҷанд  бошад, як кило биринҷ 6 сомонию 50 дирам қимат дорад».