«Истиқлол» бозингари бразилиро интизор аст
Ҳамлагари 33-солаи бразилӣ Виллер Соуза Оливейра (Willer Souza Oliveira ), ки дар дастаи «Анжӣ»-и Махачқалъаи Русия баромад мекард, рӯзҳои наздик бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе шартнома мебандад.
Дар ин бора Муродҷон Умаров, менеҷери бошишгоҳи «Истиқлол» иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Умаров, Оливейра аллакай барои гузаштан ба тими «Истиқлол» розигии худро додааст ва то моҳи март ба ҳайати даста шомил мегардад. Ӯ зимни гуфтугӯи телефонӣ иброз доштааст, ки моҳи март ба Душанбе меояд.
Тахмин меравад, ки Оливейра дар дастаи «Истиқлол» таҳти рақами 8 ҳунарнамоӣ кунад.
Хотиррасон мешавем, ки Виллер Соуза Оливейра дар дастаҳои маъруф аз қабили «Анжӣ», «Луч-Энергия» ва чанд дастаи дигари Аврупову Бразилия ҳунарнамоӣ кардааст.
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон - дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода низ ду бозингари бразилиягӣ - ҳимоятгар Фабрисио Фрейтас, ҳамлагар Сантос Кардосо Элтон Луисро ба ҳайати дастаааш даъват намуда буд.