Афзоиши изофанависӣ дар сохтмонҳои Тоҷикистон
Дар сохтмонҳои Тоҷикистон соли гузашта дар ҳаҷми 4,9 миллион сомонӣ изофанависӣ ошкор шудааст.
Абдувалӣ Комилов, дирктори Агентии сохтмон ва меъморӣ имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки изофанависӣ нисбати соли 2011 ҳудуди 3 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Номбурда таъкид кард, ки мабалғоҳое, ки аз ҳисоби изофанависӣ ошокор гардиданд, дубора барқарор карда шуданд.
Масъулини агентии мазкур иброз доштанд, ки аз ҳама зиёд изофанависии маблағҳо дар Раёсати асосии сохтмонии шаҳри Душанбе ва Ширкати алюминии тоҷик ошкор шудаанд.