Амрико нигарон аст. Аз изҳороти пешинаи Мурсӣ
Изҳороти зидди саҳююнистии ду сол қабли Муҳммад Мурсӣ, раисҷумҳури Миср Амрикоро акнун нигарон намудааст.
Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 15-уми январ суханони зидияҳудии Муҳаммад Мурсиро, ки соли 2010 зимни як изҳороти хеш гуфта буд, ба шиддат танқид намуда, гуфтааст: «Калимаҳое, ки Мурсӣ дар рафти он суханрониаш истифода намудааст, иҳҳонатомез буда, мақомоти амрикоӣ нигаронии худро дар ин бора эълон менамояд». Бар асосии гузориши хабаргузории «Форс» соли 2010 замоне Ҳуснӣ Муборак, собиқ раисҷумҳури барканоршудаи Миср сари қудрат буд ва Муҳаммад Мурсӣ дар он вақт яке аз раҳбарони ҳаракати «Бародарони мусулмон» ба шумор мерафт, бо маҳкум намудани ҳамлаҳои яҳудиён алайҳи мардуми Фаластин гуфтааст: «Фарзандони худро бо нафрат аз яҳуду саҳйюнист тарбият кунед».
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Ҳассон, мудири дафтараи иттилооти Ҳизби созандагӣ ва тавсеа мегӯяд, равобити ахири Миср бо Эрон ва Туркия Амрико ва Исроилро нигарон намудааст.