баргард чоп кардан

Мянма аз Эрон ёрии башардӯстона гирифт

Пас аз вуруди ҳайати эъзомии Эрон ба Мянма, ки рӯзи 15-декабр вориди ин кишвар шуда буданд, ин нахустин кӯмаки башардӯстона ба мусулмонони он маҳсуб меёбад.

Ҳусайн Камолиён, сафири Эрон дар Мянма зимни тақдиму  супоридани кӯмакҳо ба оворагони мусулмони ин кишвар иброз намуд: «Мардуми Эрон аз шароити нобасомони бародарону хоҳарони худ дар ин кишвар нигарон буда, умедворӣ аз он доранд, ки мавзӯи беҳбуди шароити зисти онҳо ва бозгашти оварагон ба хонаҳои худ аз тариқи давлати Мянма ба таври мусоламатомез ҳаллу фасл хоҳад шуд».

Бар асоси ин гузориш, кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба мусулмони ин кишвар иборат аз хайма, рӯпуш ва маводи ғизоӣ мебошанд.

Гуфтанист, ҳайати эъзомии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки муташаккил аз намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ, Вазорати умури хориҷа ва Ҳилоли аҳмари он буда, барои баррасии вазъияти мусулмони Мянма озими ин кишвар шуда буданд.