баргард чоп кардан

Кумитаи андоз: Семинар барои кормандони сафоратҳои хориҷӣ

Бо иштироки кормандони мақомоти андоз ва бархе аз намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе ҳамоиши вижа баргузор шуд.

Тибқи иттилоъ, семинари мазкур ба мавзӯъи тартиби аз андозбандӣ озод ва пешбинӣ намудани дигар имтиёзоти андозбандӣ, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиву сафоратҳо, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, тартиби баҳисобгирии бақайдгирии намояндагони дипломатӣ, тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки дар доираи маблағҳои грантию қарзӣ амалӣ мешаванд, тартиби андозбандии даромади резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, андозбандӣ, андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул бахшида шуд.

Ҳамзамон, дар ин нишаст мутахассисони соҳа ба намояндагони ташкилотҳои дипломатӣ доир ба мавзуъҳои номбурда, ҳуқуқу уҳдадориҳои ин ташкилотҳо ва сафоратхонаҳои хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Гуфта мешавад, дар семинар намояндагони беш аз 43 ташкилотҳои дипломатӣ иштирок доштанд.