баргард чоп кардан

Боздошти шаҳрванди 54 сола бо «Макаров»

Дар пайи амалиёти  кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  дар ноҳияи Рӯдакӣ-2 як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ дастгир карда шуд.

Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, шахси боздоштшуда Раҳматулло Қурбонови 54 сола, сокини кӯчаи Зебунисои ноҳияи мазкур мебошад.

Гуфта мешавад, зимни кофтуков аз камарбанди Раҳматулло Қурбонов    1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» ва 11 адад тирҳои 9 милиметра, ки рақам ва соли бароришашон тоза карда шудааст, дарёфт ва мусодира гардид.

Манбаъ мегӯяд, зимни дарёфт таппончаи мазкур дар ҳолати коршоям буд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.