баргард чоп кардан

Раҳмонов бархе масъулини шаҳри Кӯлобро интиқод кард

Аксари корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти истеҳсолӣ ва маоши коргаронро  кам нишон медиҳанд.


Дар ин бора Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи журналистон эълон кард. «Гап сари андоз меравад. Соҳибкорон ба хотири аз андози давлатӣ гурехтан, истеҳсоли маҳсулотро дар корхонаҳои саноатӣ кам нишон медиҳанд. Инчунин,  коргарон, агарчӣ ба маротиб маоши баланд мегиранд, вале масъулин боз ҳам ба хотири камтар супурдани ҳақи андози ҳифзи иҷтимоӣ, моҳанаи коргаронро кам нишон медиҳанд».  

Ба қавли Раҳмонов, дар бахши саноат ҳатман таҳлили иқтисодӣ бояд гузаронид. «Зеро, дигар омор ҳам баъзан ба хатогӣ меравад ва  маълумоти нодуруст пешниҳод мекунад. Дар баъзе корхонаҳои саноатӣ, хароҷот аз истеҳсолот зиёд нишон дода мешавад. Дар ин сурат, маблағ аз кисаи соҳибкор меравад, ки ҳаргиз қобили қабул нест».

Тибқи иттилоъ, дар шаҳри Кӯлоб 36 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки соли қаблӣ ба миқдори беш аз 114 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.