баргард чоп кардан

“Роҳи оҳани Тоҷикистон” 244 корманди худро аз вазифа озод кард

Дар ин бора Усмон Қаландаров, муовини раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, имрӯз 21-уми январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод.

Номбурда қайд кард, дар ҳақиқат аксар вақт дар давлатҳои ҳамсоя нисбати роҳбаладони ин корхона ва нисбати поездҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон” баъзеи масъулини ҳамсоякишвар аз ҳад зиёд талаботҳои ғайриқонунӣ мекунанд, ки чунин талаботҳо ба онҳо вобаста нест: “Зеро мо ба воситаи гумрук, ба воситаи сарҳадчиён ба онҳо менависем ва то андозае ин ҳолатҳо кам мешаванд, аммо ҳанӯз ҳам чунин ҳолатҳо зиёд ҷой доранд”.

Ба қавли Усмон Қаландаров КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар кишвари худ бо гумрукчиёну сарҳадчиён мушкил дорад ва дар хориҷ мушкилаш зиёдтар аст.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар асоси телеграмаҳои расида ва шикояти мусофирон дар давоми соли 2012 аз корхонаи мазкур дар маҷмӯъ 244 нафар аз кор озод шудаанд, ки аз ин ҳисоб 201 нафарашон роҳбаладону сардорони қатораҳоро ташкил медиҳанд.

Муовини раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар мавриди  қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг гуфт, ин роҳ, ки қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Ӯзбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои вилояти Хатлон ҳисоб мешуд, аз 17-уми ноябри соли 2011 инҷониб маҳкам аст.

Қаландаров иброз дошт, ки новобаста аз он ки ба тамоми сохторҳои байналмилалие, ки оиди ҳамин корҳо амал мекунанд муроҷиат намудаанд, мутаасифона ин кор ҳали худро наёфт.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто ба муроҷиатҳои онҳо на роҳиоҳанчиён на СММ, на ОБСЕ ва на ягон сохтори дигар вақтҳои охир ҷавоб надода иситодаанд.