баргард чоп кардан

Тоҷикистон беш аз 11 тонна захираи тилло дорад

Маблағи захираҳои тиллои Бонки миллии  Тоҷикистон то ин замон ба 972 миллион доллар расидааст.

Ба қавли Абдуҷаббор Ширинов, раиси БМТ, захираҳои тилло бошанд, зиёда аз 11 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи оқои Ширинов, ба гурӯҳи захираи тилло ду намуди он- монетарӣ ва ғайримонетарӣ дохил мешавад: “Тиллои  ғайримонетарӣ ин тиллое мебошад, ки раванди тозакунӣ ва сикказаниро гузаштааст, вале ҳанӯз  сертификати байналмилалӣ, ки онро ҳамчун тиллои монитарӣ эътироф намоянд, нагузаштааст”.

-Мо  умедворем, ки дар  рӯзҳои наздик ин ҳаҷми тилло  низ пурра аз  сертификати байналмиллалии монитарӣ мегузарад.   

Маврид ба тазаккур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли равон  ҳудуди 1,1 тонна тилло  харидорӣ кардааст.