Мунир Мерали: Меравам, аммо бо Тоҷикистон мемонам
Имрӯз, 22-юми январ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, масъули дафтари Хазинаи Рушди Оғохон дар Тоҷикистон Мунир Мералиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон иттилоъ доданд, раиси МН дар оғози мулоқот Мунир Мералиро барои кӯмакҳо ва ҳамкории судманди ин созмон аз номи парламент изҳори минатдорӣ намуда, иброз намуд, ки тайи солҳои охир 1400 лоиҳа, ки бо ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд.
Манбаъ афзуд, Зуҳуров иброз дошт, ки тоҷикистониён кӯмакҳои башардӯстонаи Хазинаи мазкурро ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард: «Бунёди пулҳои иртиботӣ, ки дар минтақаи Бадахшон сохта шудаанд ва мардумони Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам мепайванданд, яке аз беҳтарин намунаҳои ҳамкории ин созмон бо Тоҷикистон мебошад. Қаблан чунин пулҳо дар навоҳии Дарвозу Ишкошим ва минтақаи Хоруғ сохта, мавриди истифода қарор гирифта буданд. Эҳдои бузургтарин маркази Исмоилиён дар шаҳри Душанбе, ки пойдевори онро ҳанӯз соли 2003 Карим Оғохони 4 ва президенти Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд ва сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ аз аҳдофи дигари ин созмони бонуфуз ба ҳисоб меравад».
Ҳамзамон, Шукурҷон Зуҳуров аз мӯҳтавои ҳамкорӣ бо ин Хазина, аз ҷумла лоиҳаҳое, ки дар самти маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, фарҳанг, энергетика, обрасонӣ, пулҳои мошингард ва дигар соҳаҳо, ки аз ҷониби Хазинаи Оғохон сармоягузорӣ шуда истодааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, ба густариши минбаъдаи ҳамкорҳои дуҷониба таъкид намуд .
Манбаъ афзуд, дар замони касби истиқлол, пайравони исмоилия дар ҷумҳурии мо ба дидори аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони 4 мушараф гардида, аз кӯмакҳои ин шахсияти барӯманди таърихӣ баҳравар гардидаанд. Зимнан, Мунир Мерали дар навбати худ паёми Шоҳзода Карим Оғохони 4-ро ба Шукурҷон Зуҳуров расонида, иброз намуд, ки солҳои нахуст Хазинаи мо умдатан машғули ироаи кӯмакҳои фаврӣ ба сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон буд: «Ҳоло бошад фаъолияти худро дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷоннок намудаем. То кунун аз рӯи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф, тандурустӣ ва инкишофи соҳаи рушди кишоварзӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаем ва мардуми Тоҷикистон аз ин тарҳрезии барномаҳои мо хеле шоданд. Дар анҷоми мулоқот ҳаминро мехоҳам гӯям, ки гарчанде ки ваколати кориам ба анҷом расида бошад ҳам, ман аз Тоҷикистон ва мардуми шарифи вай қаблан сипосгузор ҳастам. Маҳз ҳаминҷо ман самимияту инсондӯстиро омӯхтам».
- Ман меравам, вале то дер боз дар хотири ман ин кишвари фарҳангдӯсту меҳанпараст боқӣ мемонад, -гуфт дар анҷоми мулоқот Мунир Мерали.