баргард чоп кардан

EGIAD соҳибкорони тоҷикро ба Измир даъват намуд

Илҳом Абдураҳмонов, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбули Туркия бо Айдин Бугла Илтер,  узви Шӯрои директорони Асотсиатсияи соҳибкорони ҷавони Эгей (EGIAD) мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки ширкату корхонаҳои узви ин Ассотсиатсия дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Ҷаноби Айдин Бугла Илтер изҳор намуд, ки EGIAD омодааст, ҷиҳати муаррифии соҳаҳои афзалиятноки инвеститсионӣ ва баррасии масоили ҳамкориҳои минбаъдаи муштараки тиҷоративу иқтисодӣ гурӯҳи соҳибкорони Тоҷикистонро дар охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ба шаҳри Измир даъват намояд.

Қобили зикр аст, ки Ассотсиатсияи EGIAD соли 1990 ташкил шуда, феълан тақрибан 3500 ширкатҳои хурд, миёна ва бузурги тиҷоратӣ узви он мебошанд.