баргард чоп кардан

Вазорат сабабҳои афзоиши талоқро шарҳ дод

Ҷудошавии оилаҳо ва талоқ бо сабабҳои мухталиф дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Вазорати адлия соли гузашта ҳолати бақайдгирии талоқ 7 ҳазору 608 ададро ташкил намудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 811 адад зиёд мебошад.

Ба қавли Ҳамроҳ Каримова, муовини сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи кишвар, дар бисёр маврид мувофиқ набудани хислати ҳамсарон, дахолати шахсони сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, безурётӣ ва рӯ овардани мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ боиси аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо мегардад.

Ба андешаи бархе аз коршиносон, омили аслии фурӯпошии оилаҳо мушкили иқтисодӣ мебошад, ки шумори бештари мардҳои тоҷик муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр карда, солҳост, ки ба кишвар барнагаштаанд.

Гуфта мешавад ҷудошавии оилаҳо нисбат ба дигар минтақаҳо дар вилояти Суғд ва Хатлон ба назар мерасад, ки дар Суғд 3 ҳазору 165 ва дар Хатлон 1 ҳазору 729 ададро ташкил медиҳанд.