баргард чоп кардан

197 миллион одами бекор дар ҷаҳон сабти ном шуд

Шумораи афроди бекор дар соли 2012 дар ҷаҳон 4 миллион нафар афзоиш ёфта, теъдоди умуии онҳо бошад ба 197 миллион   расидааст.

Дар ин бора Созмони ҷаҳонии кор рӯзи 22-январ зимни гузориши солонаи худ дар мавриди теъдоди нафарони бешуғл дар ҷаҳон хабар додааст.

Инчунин дар ин гузориш омадааст, ки интизор меравад сатҳи бекорӣ дар ҷаҳон дар соли 2013 то 5, 1 миллион нафар афзоиш ёбад.

Бар асоси ин гузориш сатҳи бекорӣ миёни ҷавонони синашон то 24-сола 13%-ро ташкил дода, ба назари коршиносон иллати рғ ба афзоиш овардани шумораи бекорон дар ҷаҳон кунд шудани рушди иқтисод мебошад.