Беш аз 570 миллион сомонӣ аз муомилот барчида шуд
Вазъи макроиқтисодӣ ва бо мақсади дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мутавозуни пулию қарзиро пеш гирифта, соли гузашта меъёри бозтамвил тадриҷан аз 9,8 фоиз то 6,5 фоизи солона паст намуд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили ҳаҷми пул дар муомилот ва паст намудани фишорҳои таваррумӣ фишангҳои монетарӣ, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва асъор мавриди истифода қарор дода шуданд.
Манбаъ афзуд, барои таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ 2,0 банди фоизӣ паст карда шуда, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоизи солона муқаррар гардиданд. Меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 23,8 фоиз то 18,0 фоиз паст гардидааст.
Сарчашмаи хабар инчунин гуфт, ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 3,7 миллиард сомониро ташкил намуд, ки аз он 25,8 миллион тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар ин давра 1,4 миллиард сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 572,4 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.