баргард чоп кардан

Талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба беш аз 14% расид

Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон соли гузашта беш аз 16 миллиард киловат-соатро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбати соли қаблӣ афзоиш ёфтааст.

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо истифодаи мунтазами хати интиқоли барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон имкониятҳои содироти нерӯи барқ ба ин кишвар зиёд шудааст.

Номбурда иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ қариб 600 миллион киловат-соат нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи зиёда аз 21 миллион доллари ИМА содир гардидааст.

Интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамасола мардуми манотиқи дурдасти кишвар дар фасли сармо аз норасоии барқ азият мекашанд.

Вазири энергетика ва саноат мегӯяд, соли гузашта талафоти қувваи барқ 14,1% ва ҷамъоварии маблағ 92,1%-ро ташкил додааст.