Гӯшаи Хитой дар Китобхонаи миллӣ дари худро боз кард
Бо иштироки Фан Сянжун, сафири Чин дар Тоҷикистон, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини взири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов маросими ифтитоҳи толори махсуси Чин дар Китобхонаи миллӣ доир гардид.
Тавре Фотима Ёқубова, сухангӯи китобхонаи мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ҳукумати давлати мардумии Чин толори мазкурро бо 10 ҳазор нусха китобҳои илмиву бадеӣ бо забонҳои чиниву русӣ ва англисӣ, маводи аудио ва видеоӣ оид ба бахшҳои гуногун ва ҳамчунин 10 адад компютер таъмин намудааст.
-Ҳадаф аз иқдоми мазкур таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин буда, зимни боздид аз толор дар бораи таъриху сиёсат, фарҳангу иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳаёти Чин маълумоти муфассал метавон дарёфт намуд,-афзуд манбаъ.
Маврид ба ёдоварист, айни замон дар Китобхонаи миллӣ ҳамчунин толорҳои махсуси ИМА ва Олмон низ амал карда, рӯзҳои наздик ифтитоҳи толори Арабистони Саудӣ дар назар аст.