Бзежинский: Гегемония дигар вуҷуд нахоҳад дошт
Мушовири амнияти миллии собиқи Амрико дар гуфтугӯ бо як шабакаи хабарӣ, бо таъкид бар тағйир дар сиёсати Амрико гуфт, ки ҳежмунии (гегемонияи) кишваре такқутбии дигар дар ҷаҳон вуҷуд нахоҳад дошт.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", Збигнев Бзежинский яке аз муҳимтарин сиёсатмадороне аст, ки дидгоҳҳои вай дар заминаи сиёсати хориҷӣ пазируфта шудааст. Вай дар даврони Ҷими Картер мушовири амнияти миллии давлати вақт буд ва яке аз нухустин касоне аст, ки аз раёсати ҷумҳурии Барак Обама ҳимоят кард.
Штефан Грубе, хабарнигори "Евронюс" дар гуфтугӯи ихтисосӣ дидгоҳҳои вай дар бораи масоили дохилии Амрико, сиёсати хориҷии ин кишвар ва таҳаввулот дар Аврупоро ҷуё шуд. Грубе ин гуфтугӯро бо пурсише дар бораи Ҷон Керри ва Чок Ҳегел, номзадҳои мақоми вазоратҳои умури хориҷа ва дифоъро оғоз кард,дар ин бора ки ҳар дуи ин афрод аҷрибиёти фаровоне дар ҷанги Ветнам доранд, оё ин мавзуъи тасодуфӣ аст ё ин ки Обама ба ин васила қасд дорад паёме бидиҳад?
Бзежинский гуфт: "Дарвоқеъ ҳар дуи онҳо. Ман фикр намекунам, ки ин мавзуъ марбут ба дарсҳое бошад, ки ин афрод аз ҷанги Ветнам гирифтаанд, аммо дар ҷиҳате дигар ин мавзуъ нақши муҳиме дар ҷойгоҳи Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ дорад. Дар ин маврид метавон ин маворидро ҷудо аз ҳам дар назар гирифт ва аз ҷиҳати дигаре метавон дарси муҳимтаре аз онҳо омухт”.
Вай бар вуҷуди доктринаи Обама таъкид кард, аммо дар айни ҳол гуфт: “Стротегияи Обама надорем. Ман муътақидам ки ин ду кас ( Керри ва Ҳегел) метавонанд стрртегияе барои Обама таъриф кунанд”
Бзежинский дар шарҳи ин стротегия гуфт: “Ман муътақидам, ки нухуст бояд ин мавзуъро бишиносем, ки бӯҳронҳое, ки мо дар 200 соли гузашта шоҳиди он будем, дар оянда идома нахоҳанд дошт. Бояд гуфт ҳежмунии (гегемонияи) ҷаҳонӣ бо як қудрат, ҳатто агар қудратмандтарин кишвар бошад, дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Аммо дар ҳамин шароит мо шоҳиди буҳронҳои фаровоне ҳастем, ки хатароти болое доранд аз ин ру бояд бархурди ҳушмандонае бо ин воқеаҳо дошта бошем ва оқилона, мутанавеъ ва умедворона бо роҳкорҳои донишгоҳӣ ва кумаки кишварҳои муҳҳими дигар онҳоро иҷроӣ кунем ва аз руёруӣ ( бо дигар кишварҳо) ки дар таърихи ахири худ доштаем, парҳез кунем.
Вай бо ишора ба густариши таниш дар Ховари Миёна ва тавсиъаи он фаротар аз масъалаи Фаластин бо Исроил, бар эҳтимоли густариши буҳрони Сурия дар Ховари Миёна таъкид кард.
Бзежинский дар идомаи ин гуфтугу ин мавзӯъро, ки Амрико дар мавориде метавонад аз мушкилоти Аврупо дарс бигирад, гуфт: “Ба навъе бале. Агар мо ба Аврупо ва мушкилоти он, аз ҷумла бӯҳрони молӣ, масоили иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, чандқутбӣ шудани ҷомеъа ва масоили сиёсӣ нигоҳе бияндозем, мебинем ки метавон аз ҳамаи ин маворид дарс гирифт”.