баргард чоп кардан

Донистани забони давлатӣ барои мансабдорон ҳатмист

Бибиосия Ғуломова мегӯяд, ҳангоми таъйин намудани мутахассисон ба ин ё он мансаб, пеш аз ҳама сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби онҳо ба назар гирифта мешавад.

Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   имрӯз, 28-уми январ зимни нишасти матбуотие, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ин бора иброз дошт.

Номбурда афзуд, дар ин бора худи раисҷумҳури кишвар низ дар мулоқоташ, ки 4-уми октябри соли 2012 ба муносибати Рӯзи забон баргузор шуд, дастур дода, ки раҳбарони корхонаву идора ва вазоратҳо бояд забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ донанд ва дар ин масъала мушовири президенти кишвар оид ба сиёсати кадрҳо вазифадор шудааст.