баргард чоп кардан

Ҳукумов рӯзномаи Имрӯз-News ва сармуҳаррири онро ба додгоҳ кашид

Рустам Ҳукумов, фарзанди  Амонуллоҳи Ҳукум, роҳбари корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз додгоҳ талаб кардааст, ки ҳафтаномаи мазкур ба ӯ 50. 000 сомонӣ ҷуброн диҳад.

Тавре Назири Нусрат, сардабири нашрияи мазкур ба Озодагон иброз дошт, Рустам Ҳукумов аз додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, даъвои ӯ алайҳи як матлаберо, ки нашрия моҳи октябр чоп кардааст, пушти дарҳои баста баррасӣ кунад: «Аслан сухан сари як матлаби дар чанд моҳи қабл нашршуда меравад, ки таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов:

Фарзандоне, ки «дарди сар»-и падар шуданд. Ҳамон шабу рӯз дар Лондон писари собиқ президенти Қирғизистон Қурбонбек Боқиев-Максим Боқиев боздошт шуда буд ва ин матлаб ҳам дар қиёс ба он қазия навишта шуда буд».

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, Рустам Ҳукумов дар соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия дастгир шуда, номи ӯ дар соли 2011, дар замони қазияи боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон вирди забони матбуот шуд. Рустам Ҳукумов моҳи декабри соли 2011, як моҳ баъд аз раҳоии он ду халабон, аз маҳбас дар Русия раҳо ёфт ва ба Душанбе баргашт.