Мурофиаи додгоҳии хабарнигори ОИ “ТojNews” мавқуф гузошта шуд
Ҷаласаи мурофиавии Амруллоҳи Низом, имрӯз, 29-уми январ оғоз нагардида, боз ба вақти дигар мононда шуд.
Саймуддин Дӯстов, муассис ва раиси Шӯрои муҳаррирони нашрияи "Нигоҳ" ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҷаласа ба хотири дархостҳои пешниҳодкардаи Амруллоҳи Низом ба прокуратураи генералӣ мавқуф гузошта шуда, санаи баргузории мурофиаи навбатиро суд эълон хоҳад кард. “Амруллоҳи Низом аз додситонии кулл хоҳиш намуда, ки салоҳиятҳои нафаре, ки худро посбон ё муҳофиз ва нафари дигар, ки худро ронандаи Абдураҳим Холиқов муаррифӣ мекунанд, аз ҷумла худи роҳбарияти дастгоҳ бояд, таҳқиқ шавад, ки оё онҳо салоҳияти онро доранд, ки як нафарро маҷбуран аз ҳавлии кумита берун кунанд. Инчунин талаб шуд, ки ҳамон сабти назорати видеоии кумита аз санаи 12 то 19-уми январ барои таҳқиқ гирифта шавад, то онҳо поккорӣ ё коркард накунанд ва дар асоси ҳамин ваҷҳҳои оварда, аз прокуратураи генералӣ хоҳиш карда шуд, ки қарори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилро бекор кунад ва дигар барои баррасии судӣ дигар ҳеч асосе намондааст”.
Ҳамзамон, Дӯстов гуфт, амалҳои Абдураҳим Холиқов ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи дин зидди сиёсати ҳукумати ҷумҳури Тоҷикистон мебошанд ва инчунин дар ин масъала талаби оҷонсӣ аз он иборат буд, ки ба ҳамаи ин масъалаҳо баҳои ҳуқуқӣ гузошта шуда, худи масъулини ҳукуматӣ низ вокуниши маъмурӣ нишон бидиҳад, дар шакли ба истеъфо равон кардани Абдураҳим Холиқов.
Ёдрас менамоем, Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи хабарнигори "Тоҷнюс" ба догоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст, ки гӯё журналист унвонии кормандони ин ниҳод ҳақорату дашномро раво дидааст.