баргард чоп кардан

Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба таври пилотӣ зарур аст

Дар Душанбе вохӯрии муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Саидғуфрон Абдулло бо масъули Раёсати давлатӣ ва бахши молияи Бонки рушди Осиё Асад Сумбал доир гардид.

Тавре ба Озодагон аз хадамоти мазкур иттилоъ доданд, дар нишаст, Саидғуфрон Абдулло доир ба самтҳои асосии фаъолият ва корҳое, ки то кунун тавассути Хадамоти муҳоҷират анҷом дода шудаанд, ёддовар шуд.

Ҳамзамон, Асад Сумбал аз пазироии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори ташаккур намуда, доир ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҷрибаи кишвари Филиппин дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва лоиҳае, ки қарор аст дар ин замина таҳия шавад, ибрози андеша намуд. Номбурда ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомӯзии муҳоҷирон ва дигар мушкилоте, ки дар ин замина ба вуҷуд меоянд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.  

Дар рафти мулоқот, муовини сардори Хадамоти муҳоҷират ба суолҳои намояндаи Бонки Рушди Осиё посух дода, пешниҳод намуд, ки ба таври пилотӣ дар яке аз минтақаҳои тобеи марказ маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил шавад.