Нахустин тембр (марка)-и Фаластин ба нашр расид
Вазорати иртибототи Фаластин зимни маросими вижае аз нахустин тембри чопшуда (марка) бо номи кишвари Фаластин ба ҷойи Ташкилоти худгардони Фаластин хабар дод.
Ба гузориши расонаҳои Ховари Миёна, ин тасмими вазорати иртибототи ин кишвар дар пайи қабул гардидани Фаластин ба ҳайси кишвари нозири ғайриузв дар Созмони Милали Муттаҳид буда, қарор аст, аз ин ба баъд дар мубодилоти хориҷии Фаластин мавриди истифода қарор бигирад.
Бояд гуфт, ҳарчанд ин тембрҳо дастоварди байналмилалӣ мебошанд, вале ба хотири он ки режими саҳюнистӣ маҳдудиятҳои зиёдеро дар ин бора эҷод менамояд, онҳо тавассути Вазорати умури хориҷаи Фаластин дар хориҷ аз кишвар чоп гардидаанд.