баргард чоп кардан

Баҳси додгоҳии шаҳрдорӣ бо раиси ҲНИТ. Қарор содир шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарори худ дар мавриди баҳси шаҳрдории Душанбе бо раиси ҲНИТ-ро содир кард.

Тибқи иттилои Бузургмеҳр Ёров, адвокати Муҳиддин Кабирӣ, бар асоси ин қарор вакили МН бояд аз шаҳрдорӣ узр пурсад: «Мувофиқи қарори додгоҳ, раҳбари ҲНИТ бояд аз тариқи ВАО аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд. Илова ба ин, додгоҳи Исмоили Сомонӣ талаби ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон Муҳидин Кабирӣ дар хусуси парохти 20 миллион сомонӣ ҷарима барои таҳқири депутатро бекор кард».

Ба гуфти адвокат, зерҳимояи ӯ ҳеч асосеро барои бахшиш хостан дар назди шаҳрдориро намебинад ва онҳо тасмим гирифтаанд дар муқобили қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ба зинаҳои болоии додгоҳии кишвар шикоят баранд.

Маврид ба ёдоварист, чанд вақт пеш, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ  ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шуда буд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш ё маъзарат пурсад.